Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

Апрель 27, 2025 08:31

ДУШАНБЕ, 27.04.2025 /АМИТ «Ховар»/.  25 апрел дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қабл аз маросими ифтитоҳ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо, мероси таърихию фарҳангӣ, хӯрокҳои миллӣ ва анвои гуногуни меваҷҳои Тоҷикистон доир гардид.

Дар ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Матлубахон Сатториён ва муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Гао Чжэн иштирок ва суханронӣ намуда,  таъкид карданд, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар заминаи сиёсати муваффақу бобарори сарони ду давлати ба ҳам дӯст амалӣ гардида, қадами устуворест дар густариши ҳамкории мутақобилан судманд.

Ёдовар бояд шуд, ки  дар барномаи фарҳангӣ  ҳунармандони маҳбубу шинохтаи тоҷик оҳангу сурудҳои миллӣ, аз қабили шашмақому фалак ва сурудҳои халқиро иҷро намуданд, инчунин рақсҳои тоҷикӣ бо либосҳои миллии тоҷикӣ муаррифӣ гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 25-уми апрел дар шаҳри Пекин оғоз ёфта, 27 апрел дар шаҳри Сиан низ идома меёбад.

 

АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2025 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумии сокинон муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Зафарободу Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор мегарданд
Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ густариш меёбад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
Моҳи октябр дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад
Дар ёдгории таърихии замони Кушониён- Сайёд корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ оғоз ёфтанд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд