ДАРАХТ БИНШОН! Дар боғи навбунёди Шуғнон 15 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида шуд

Апрель 26, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Барномаи  «Кишвари сабз» дар Боғи навбунёди  ноҳияи Шуғнон дар  12 гектар  беш аз 15 ҳазор бех  ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Шуғнон.

Зимни ҳашари ниҳолшинонӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар баробари пешравиҳо дар дигар соҳаҳои хоҷагидорӣ барои соҳаи боғдорӣ низ имконоти мусоид фароҳам оварда  шуданд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ноҳияи Шуғнон дар тамоми самтҳо рушд менамояд. Имсол дар қаламрави вилоят боғҳои мевадиҳанда зиёд гардида, ин иқдоми нек минбаъд низ идома меёбад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

 

 

Апрель 26, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд