ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Шуғнон боғи намунавӣ бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боғи намунавӣ бунёд гардид, ки дар он 3 ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда шинонида шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон итилоъ доданд.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ аз охири моҳи ноябр оғоз гардида, вобаста ба иқлими минтақаҳо то фасли баҳор идома меёбад. Ҳар ниҳолу дарахти ороишию сояафкан, мевадиҳанда ва гулу буттагиҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат шинонида мешаванд, бояд ба шароити табиӣ, иқлим ва мавқеи ҷуғрофии ҳамон минтақа мутобиқ бошанд. Масалан, ниҳоли дарахтон ё гулу буттаҳое мавҷуд мебошанд, ки хушкию гармӣ –Офтобро дӯст медоранд ва баръакс, баъзе ниҳоли дарахтон дар иқлими нарму муътадил, намнокии зиёд ва сардӣ хуб нашъунамо менамоянд.
Дар ҷараёни маъракаи ниҳолшинонӣ иброз шуд, ки барои нашъунамои хуби ниҳоли дарахтон аз моддаҳои органикӣ, ки хеле самарабахшанд, бояд оқилона истифода намуд.
Гуфта шуд, ки дар ноҳияи Дарвоз меваҳои субтропикӣ, ба мисли анҷир, анор, дар Ванҷ –себ, нок ва дар Рӯшону Шуғнон зардолу, чормағз ва тут хеле хуб парвариш меёбанд. Инчунин ба иқлими минтақаи Бадахшон бештар ниҳоли дарахтони арча, санавбар ва сарвинози шарқӣ хос аст.
АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






