Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Апрель 10, 2025 09:46

ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария,  Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи сатҳи баланди вазирони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) иштирок намуд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон оид ба аҳаммияти масъалаҳои содагардонии расмиёти савдо ва бартараф намудани монеаҳои сунъӣ, тавсеаи долонҳои гуногунвасилаи нақлиётию иқтисодӣ, рушди иқтисодиёти «сабз» ва рақамикунонӣ барои рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамзамон Шараф Шерализода дар чорабинии канории сатҳи баланд бо намояндагони бахши хусусии Швейтсария доир ба сармоягузорӣ дар самти инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ иштирок намуда, оид ба имконияти сармоягузорӣ дар ин соҳа суханронӣ намуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария

Апрель 10, 2025 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд