Вобаста ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Апрель 12, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 12.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар шароити ҷаҳонишавӣ: мушкилот ва дурнамо» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.

Зимни конфронс иброз гардид, ки  экстремизм ва терроризм дар замони имрӯза аз ҷумлаи умдатарин мушкилоти ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, таваҷҷуҳи на танҳо як давлат ва ё минтақаи алоҳида, балки тамоми ҷомеаи башариро тақозо дорад. Дар ин замина танҳо дар доираи ҳамкорию ҳамгироии доираи васеи давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ метавон натиҷаи мусбат ба даст овард.

Таъкид шуд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизм масъалаи мубрами рӯз ба ҳисоб мераванд. Зеро ин зуҳурот, пеш аз ҳама, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, амнияту осоиштагии давлатҳои дунё зарар мерасонанд. Бинобар ин, дар замони муосир ба таҳдиди экстремизму терроризм ва коҳиш додани сатҳи содиршаваии он диққати махсус дода мешавад. Вобаста ба ин муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар қонунгузории қариб тамоми давлатҳои дунё пешбинӣ гардидааст.

Инчунин иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуъҳои «Мушкилоти ташаккули сиёсати давлатӣ дар муқовимат ба экстремизми динӣ-сиёсӣ ва чораҳои пешгирии он», «Нақши ҳокимияти судӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм», «Сабабу омилҳои умумииҷтимоии пайдоиши экстремизми динӣ-мазҳабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукаммалсозии қонунгузории зиддиэкстремистӣ оид ба пешгирии онҳо», «Баъзе масоили ҷавобгарии ҷиноятӣ барои терроризм тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Омилҳои ҳамроҳшавии ҷавонон ба ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии он», «Моҳият ва мақсадҳои ғаразноки ташкилоту равияҳои экстремистӣ-террористӣ», «Масъалаҳои терроризм ва экстремизм дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм» ва «Пешгирии хатарҳои глобалӣ дар мисоли терроризм ва экстремизм дар партави сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат» ибрози назар намуданд.

Иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои қонунгузорӣ, илмӣ ва амалии муқовимат ба экстремизм ва терроризм табодули афкор намуданд.

АКС: Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 12, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм баррасӣ гардид
ТЕРРОРИЗМ — ВАБОИ АСР. Дар Коллеҷи муҳандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт вобаста ба ин мавзуъ вохӯрӣ доир шуд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар мавзуи пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро вохӯрӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба ифротгароии динӣ ва роҳҳои пешгирии он дар маҳал конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
БАРОИ АЗ БАНДИ ХУРОФОТ РАҲО ШУДАН ЧӢ БОЯД КАРД? Андешаи чанд нафар намояндагони касбу кори гуногун дар ин мавзуъ
Чӣ бояд кард, то шахс ба доми хатарбори ҳизбу созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ наафтад?
Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад
НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО ИСТИСНО НАМЕКУНАД! Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид