20 МАЙ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МЕТРОЛОГИЯ. Дар Агентии «Тоҷикстандарт» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд

Май 20, 2025 11:21

ДУШАНБЕ, 20.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 май Рӯзи ҷаҳонии метрология эътироф шудааст. Бо ин мақсад имрӯз дар Агентии «Тоҷикстандарт» таҳти унвони «Ченкуниҳо барои тамоми давру замон ва тамоми башарият» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Метрология дар рушди иқтисоду тиҷорат ва саноат нақши муҳим дорад, зеро ҳар маҳсулоте, ки истеҳсол мешавад, бояд ба талаботу воситаҳои ченак мувофиқ ва ба талаботи регламентҳои техникӣ ва дигар стандартҳо ҷовобгӯ бошад. Вазифаи асосии метрология аз он иборат аст, ки соҳаҳои гуногуни ҷамъият, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ ва мақомоти давлатиро бо маълумоти дақиқ, ки барои некуаҳволии аҳли ҷомеа зарур аст, таъмин менамояд.

Фаъолияти метрологӣ оид ба таъмини ченаки ягона дар ҷумҳурӣ дар асоси манбаи маҳакҳои давлатӣ, яъне воситаҳои ченаки намунавии ниҳоят дақиқ амалӣ шудааст.

Тамоми самтҳои ҳаёт ва фаъолияти ҷамъияти имрӯза, яъне тандурустӣ, энергетика, экология, тараққиёт ва амалӣ кардани технология, дастовардҳои илмию техникӣ, савдо ва ғайраҳоро бе саҳеҳияти ченак тасаввур кардан имконнопазир аст.

Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфт. Ҳамзамон манбаъҳои моддию техникии метрологии Агентӣ солҳои охир  боз ҳам густариш ёфта,  озмоишгоҳҳои метрологии дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида ва мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб шуданд. Ин имконият медиҳад, ки талаботи рӯзафзуни бахшҳои иқтисодиёти мамлакат дар соҳаи назорати давлатии сифати маҳсулот, таъминоти метрологии истеҳсолот, ҳолату истифодаи воситаҳои ченак ва санҷиш қонеъ гардонида шавад.

Аҳамияти ин рӯз барои метрологҳои ҳамаи мамлакатҳо ягона аст, зеро имзои Конвенсияи Метрӣ бо ҳусни оғоз бахшидан ба  бунёди «низоми ягонаи ченак дар ҳамаи замона барои тамоми халқият» марҳалаи нави инкишофи метрологияи байналмилалӣ дониста шудааст.

Барои таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар тиҷорати байналмилалӣ ва дастрасӣ ба бозорҳо барои маҳсулоти гаронбаҳо истеҳсолкунандагон бояд риояи стандартҳои ғизоро нишон диҳанд. Илова бар ин, давлатҳо бояд амният ва тиҷорати одилонаро бахусус дар бозорҳои маҳаллии озуқаворӣ таъмин намоянд. Ҳамаи ин бо ченкунии боэътимоди миқдор ва сифати маҳсулоти ғизоии  хом ва коркардшуда тасдиқ карда мешавад.

Таъмини ягонагии ченакро дар сатҳи имрӯзаи ҷаҳонӣ омили рушди тиҷоратию иқтисодӣ ва равобити илмию техникии байни давлатҳо меҳисобанд. Вусъати савдои умумиҷаҳонӣ, истеҳсоли муштараки молҳо дар байни кишварҳо, ғамхорӣ дар бораи саломатӣ ва бехатарии аҳолӣ ва масоили муҳити атроф талаботро ба таъмини ченаки ягонаи байналмилалӣ зиёд менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 20, 2025 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак», марҳилаи 1 моҳи декабри соли 2026 анҷом меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонӣ дар Дубай иштирок дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар неругоҳу марказҳои истеҳсоли барқу гармии ҶСК «Барқи Тоҷик» беш аз 18 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикстандарт» зиёда аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро ба қайд гирифт
Дар Душанбе оид ба молияи исломӣ ва бозорҳои сармоя машварати байналмилалӣ оғоз гардид
«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони ноҳияи Лахш соли 2025 беш аз 111 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуданд
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
Соли 2025 дар Тоҷикистон ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шуд
Соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна зардолуи хушк содирот карда шуд
Хадамоти алоқа: Соли 2025 ҳаҷми хизматрасонии почта дар Тоҷикистон беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод