Бахшида ба Кофронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ» Форуми II иқтисодӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бисёр рамзӣ аст, ки Форуми II иқтисодӣ таҳти унвони «Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ» дар мавзуи «Рушди устувори иқтисодӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдуло Асрорзода имрӯз зимни ифтитоҳи Форуми II иқтисодӣ дар донишгоҳ иброз намуд.
Муайян намудани самтҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ дар замони тағйирёбии иқлим, тақвияти ҳамкорӣ байни бахши давлатӣ ва хусусӣ, инчунин мусоидат ба устувории иқтисодӣ бо назардошти масъалаҳои муҳити зист ва ҳифзи пиряхҳо аз ҳадафҳои асосии Форуми II иқтисодӣ мебошанд.
Форуми II иқтисодӣ таҳти унвони «Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ» соли дуюм аст, ки баргузор мегардад. Дар остонаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар мавзуи «Рушди устувори иқтисодӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардидани он аҳамияти афзояндаи муносибати илмӣ ба масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ дар шароити тағйирёбии иқлимро дар мадди аввал қарор медиҳад.
Убайдулло Асрорзода афзуд, ки тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз он ки дар партови газҳои гулхонаӣ ва олудасозии фазои сайёра саҳми ночиз дорад, аз шумораи кишварҳое мебошад, ки бештар аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим осеб мебинанд. Махсусан обшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии оби тоза дар минтақа мебошад, метавонад ба амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ ва рушди иқтисоди минтақа таъсири ҷиддӣ расонад.
Маҳз бо дарки чунин хатарҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар сатҳи байналмилалӣ масъалаҳои ҳифзи захираҳои обиро ба миён гузошта, бо пешниҳодҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонияшон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба маркази дипломатияи “сабз” дар ҷаҳон табдил додаанд. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо намунаи олии ин сиёсати дурбинона мебошад. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим мешиносанд ва ба хотири ҳалли мушкилоти сайёра иқдоми Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ҷонибдорӣ менамоянд.


Ҳадафи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки дар Стратегияи рушди он барои давраи то соли 2040 муайян шудааст, табдил додани донишгоҳ ба Маркази илмию таҳқиқотӣ ва таълимиии бонуфуз дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 3 Донишкадаи байналмилалӣ дар минтақаҳои мамлакат, 3 Интитути таълимӣ, 2 Институти илмию таҳқиқотӣ, 10 маркази илмию инноватсионӣ, 7 сохтори таълимӣ, ҳамчунин 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд. Олимону устодони донишгоҳ барои гузаронидани таҳқиқоти муосир дар самти татбиқи сиёсати экологии иқлими мамлакат талош доранд. Танҳо дар панҷ моҳи соли 2025 дар самти иқтисоди «сабз», сайёҳӣ ва соҳибкорӣ 10 конфронсу ҳамоиш гузаронида шуд.
Убайдулло Асрорзода изҳор намуд, ки «имрӯз дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари «сабз» масъулияти баланд гузошта шудааст ва дар амалисозии он донишгоҳ ба ҳамкории дастҷамъона ниёз дорад. Дар ин самт мақолаҳои олимон дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ нашр мегарданд. Ҳамзамон бо мақсади чопи мақолаҳои илмӣ дар самти масъалаҳои марбут ба рушди устувор, иқтисоди «сабз» ва тағйирёбии иқлим дар назди донишгоҳ маҷаллаи байналмилалии илмию амалии «Рушди устувор ва иқтисоди сабз» ва маҷаллаи илмии оммавии «Набзи сабз» таъсис дода шудаанд».
Дар Форуми II иқтисодӣ иштирокдорон доир ба масъалаҳои марбут ба рушди устувор ва иқтисоди «сабз», экология, тағйирёбии иқлим, захираҳои бойи обию энергетикии Тоҷикистон, ҳифзи пиряхҳо аз обшавӣ ва дигар ташаббусҳои ҷаҳонии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти обу иқлим сухан намуданд. Таъкид гардид, ки яке аз ҳадафҳои Форуми иқтисодӣ мутобиқсозии соҳаҳои иқтисодиёт дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






