Барои иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо барномаи фарҳангӣ доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, соати 19:00 дар Майдони шаршараи назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Нидои лозур» барномаи фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ ташкил мегардад, ки дар он маҳсули дасти ҳунармандон, аз ҷумла гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомаву тоқидӯзӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, маҳсулоти чӯбӣ, маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Дар ин намоиш ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарҳои ороишӣ-амалии ҳунармандони тоҷик — аз қолинбофӣ то заргарӣ пешниҳод мегарданд.
Барномаи фарҳангӣ, иборат аз суруду оҳанг ва рақсҳои тоҷикӣ дар иҷрои ҳунармандони варзида пешниҳод карда мешавад.
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор намудани ин намоиш ва барномаи фарҳангӣ муаррифии фарҳанг ва таърихи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.
Ёдовар мешавем, ки аз 29 то 31 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Дар он 2500 намоянда аз 80 давлати хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштирок менамоянд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид






