Дар Алмато Шартҳои техникии Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакии гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар Қазоқистон бо Раиси Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Жандос Дуйсембиев мулоқот намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкории гумрукиро баррасӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо мушкилоти ҷойдошта дар самти транзити байни кишварҳоро матраҳ намуда, якчанд ҳолати ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниро муҳокима карданд. Роҳбарони ҳайатҳо ба хулоса омаданд, ки вобаста ба ҳалли мушкилоти мавҷуда Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, механизми ҳамкории мутақобили судманд таҳия ва татбиқ гардад.
Дар вохӯрӣ тарафҳо Шартҳои техникии Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакии гумрукиро имзо намуданд, ки ин иқдом тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти маъмурияти гумрукиро инъикос менамояд. Аз ҷумла, баланд бардоштани самаранокии мубодилаи маълумот бо мақсади таҳлили саривақтӣ ва арзёбии хавфҳо ҳангоми интиқоли молҳо, тақвияти иқтидори транзитӣ ва содагардонии расмиёт дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки ду давлат мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ.
Тарафҳо бо итминон изҳор доштанд, ки тавофуқи ба дастомада ба тақвияти эътимоди мутақобил ва рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки ҳайати мақомоти гумруки Тоҷикистон барои иштирок дар мулоқоти дуюми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Қазоқистон сафар намудааст.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






