Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни «Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарон даври якуми озмуни «Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Иштирокчиёни озмун аз қисматҳои достонҳои «Шоҳнома» порчаҳо қироат намуда, маънии онҳо ва тафсири вожаҳои дар достонҳо истифодашударо шарҳу тавзеҳ доданд.
Аз ҷониби ҳакамон бар ҳар иштирокчӣ суолҳо вобаста ба низомномаи озмун пешниҳод гардид, ки донишҷӯдухтарон аз уҳдаи иҷрои он баромаданд. Дар натиҷа донишҷӯи курси 1-уми факултети технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ Назрбиби Рӯзизода бо гирифтани холи баланд ғолиб омада, ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт.
Бояд гуфт, ки озмун бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор шуда, аз ду давр иборат мебошад. Даври якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, даври дуюм дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ баргузор шуда, дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.
Мақсади озмун аз баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва болаёқат, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ иборат мебошад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд






