Дар Душанбе форум оид ба Даҳсолаи амал дар самти илмҳои криосфера оғоз гардид

Май 29, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Форуми пиряхҳо таҳти унвони  «Аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо то Даҳсолаи амал дар самти илмҳои криосфера» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Форум дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) доир шуда, дар он коршиносон, намояндагони ватанӣ ва хориҷӣ иштирок доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар идомаи пешбурди рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо якҷо бо Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ» (криосферӣ) пешниҳод манзур намуд, ки тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал 13 августи соли 2025 ҷонибдорӣ ёфт.

Дар назар аст, ки дар кори форум се мавзуи асосӣ: таҳқиқоти илмӣ, таълим ва баланд бардоштани иқтидор; натиҷаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва устуворӣ; сиёсат, маъракаҳои иттилоотӣ ва маблағгузорӣ — фарогирии пурраи масъалаҳои марбут ба омӯзиш, мониторинг ва идоракунии криосфера мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Бояд гуфт, ки Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд, то дар ин сол ба пиряхҳо аҳаммияти махсус зоҳир гардад. Ҳамзамон зиндагии нафароне, ки аз он вобастагӣ дорад ва равандҳои криосферӣ ба онҳо таъсир мерасонанд, кафолати дастрасӣ ба хизматрасонии гидрологӣ, метеорологӣ ва  иқлимиро пайдо кунад. Дар ин замина конфронс  нақши муҳими минтақаҳои кӯҳиро ҳамчун манбаи асосии оби тоза ва экосистемаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд