Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози олмонӣ Гюнтер Уэкер баргузор мегардад

Май 5, 2025 16:41

ДУШАНБЕ, 05.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 18:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Арҷгузорӣ ба Ҳофиз» ба бузургдошти 700-солагии шоири шаҳири тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ намоиши байналмилалии асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ Гюнтер Уэкер доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Вазорати фарҳанги мамлакат барои таҳкиму густариши ҳамкории дуҷонибаи фарҳангӣ бо Олмон ҳамкории судманд намуда, баргузории намоиши санъати рассомиро дар Тоҷикистон қобили дастгирӣ мешуморад.

Бояд гуфт, ки Гютер Уэкер  асарҳояшро бештар бо мех меофарад.

Ёдовар мешавем, ки 3 май рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уэкер дар якҷоягӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон зимни тамошои экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърихи куҳан ва фарҳангу тамаддуни бостонии миллати тоҷик  шинос гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 5, 2025 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд