Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 23 май дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон доир мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар назар аст, ки дар доираи баргузории рӯзҳо барномаи консертӣ ва ҳунарҳои мардуми Озарбойҷон пешниҳод гарданд.
Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ барои ҳамаи дӯстдорони санъат воқеаи муҳим ва таърихӣ аст. Зеро рӯзҳои фарҳангӣ робитаи ду давлатро боз ҳам мустаҳкам менамоянд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳамкории илмию фарҳангии ду давлат яке аз саҳифаҳои дурахшони равобити Тоҷикистон ва Озарбойҷон маҳсуб мешавад. Зеро табодули таҷрибаи донишмандон, устодон, донишҷӯён, амалӣ сохтани барномаҳои фарҳангию мусиқӣ ва иштироки аҳли илму фарҳанг дар маросими фарҳангӣ афзалияти асосии ин муносибатҳо мебошанд.
Қаробати жанрҳои мусиқии классикии Шашмақоми тоҷикӣ ва Мақоми озарӣ, инчунин ҳамнавоии Фалаки тоҷикӣ ва Ошиқи озарӣ заминаи хуб барои чунин ҳамкорӣ мебошад. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ, аз қабили рӯзҳо ва ҳафтаҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо ва ҷашнвораҳои филм дар таҳкими равобити фарҳангӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 24 майи соли 2024 дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар доираи он барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон доир шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






