Комрон Бобоев аз Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин олими ҷавон-2025»-и озмуни байналмилалӣ гардид

Май 21, 2025 16:43

ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мудири шуъбаи амнияти химиявӣ, доктори фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Комрон Бобоев соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин олими ҷавон-2025» гардид. Дар ин хусус ба АМИТ Ховар аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Комрон Бобоев дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин олими ҷавон-2025», ки аз 1 то 10 марти соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд, ба тариқи онлайнӣ мақола пешниҳод намуд. Дар натиҷа Комрон Бобоев бо Дипломи дараҷаи 1, медал ва шаҳодатномаи «Беҳтарин олими ҷавони сол» сарфароз гардонида шуд.

Ҳадафи Озмуни байналмилалии «Беҳтарин олими ҷавон-2025» нишон додани дастовардҳои касбӣ ва саҳми олимони ҷавон дар рушди илм мебошад.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 21, 2025 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд