Таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои саноат ва воридоти технологияҳои нав бо намояндагони BVMW баррасӣ гардид

Май 9, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 09.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имконоти таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои саноат, воридоти технологияҳои нав, рушди соҳибкории хурду миёна ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ҳайати Иттиҳодияи соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (BVMW) таҳти роҳбарии Андреас Яҳн дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Вазири саноат ва технологияҳои нав имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва соҳаҳои афзалиятноки саноатиро муаррифӣ намуд.

Ҳайати BVMW барои густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва воридоти таҷриба ва технологияи муосири олмонӣ ба Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд. Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати баргузории ҳамоишҳо ва форумҳои муштараки соҳибкориро таъкид намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои созанда баргузор шуда, ҳамчун қадами муҳим дар рушди робитаҳои иқтисодию саноатии Тоҷикистону Олмон арзёбӣ гардид.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 9, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд