АМИТ «Ховар» ва ҶСП «Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир»» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 июн дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир»» оид ба ҳамкорӣ баъди имзо табодул карда шуд.
Санади мазкур аз ҷониби директори АМИТ «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода ва Раиси ҶСП «Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир» Радик Батиршин имзо карда шуд.
Дар асоси ёддошти тафоҳум ҷонибҳо дар бахшҳои табодули маводи иттилоотӣ, пахши муштараки барномаҳо, иштирок дар чорабиниҳои соҳаи ВАО ва тарғиби маводи иттилоотӣ дар шабакаҳои интернетӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Ин ташаббус дар доираи сиёсати иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкории иттилоотӣ бо кишварҳои иштирокдори ИДМ амалӣ карда шуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва муаррифии бештари Тоҷикистон дар фазои иттилоотии минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим мегузорад.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






