Ҳайати «Амонатбонк» дар ҷаласаи Шурои сарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ иштирок намуд

Июнь 9, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати «Амонатбонк» таҳти роҳбарии раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода дар ҷаласаи Шурои сарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки дар шаҳри Пекин — пойтахти Чин баргузор шуд, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».

Дар ҷаласа роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байни бонкии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуда, масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ба имзо расонидани «Баёнияи муштараки бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии СҲШ», васеъ намудани шумораи бонкҳои аъзо ва афзоиши чорабиниҳо дар самти табодули таҷриба байни бонкҳоро баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи Шурои сарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай протокол оид ба аъзогӣ пазируфтани ҶСК «Беларусбанк» ба имзо расонида шуд.

Инчунин дар ҳошияи ҷаласаи ҷаласаи Шурои сарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо Президенти Бонки давлатии рушди Чин Тан Сзюн, раиси Элдик Бонки Ҷумҳурии Қирғизистон Уланбек Ногаев ва раиси ҶСК «Беларусбанк» Виктор Ананич мулоқот намуда, мусоҳибон масоили ҳамкории дуҷонибаи «Амонатбонк» ва бонкҳои мазкурро дар самтҳои гуногун -табодули таҷриба ва маблағгузории савдо барои рушди гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо баррасӣ намуданд.

Алиҷон Салимзода пешниҳоди бонкҳои шарикони рушдро бо хушнудӣ пазируфта, омодагии ҳамаҷонибаи «Амонатбонк»- ро дар дилхоҳ самтҳои манфиатнок иброз намуд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Июнь 9, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид