Ҷаласаи 80-уми Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.06.2025/АМИТ «Ховар»/. Намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар ҷаласаи 80-уми Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҷаласаи коршиносон ҷиҳати омода намудани маводҳо барои Шӯрои роҳбарон баргузор гардиданд, иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» ба истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа масъалаҳоим муҳими марубт ба соҳаи гумрук, аз ҷумла, ташаккули механизми бақайдгирӣ ва муайянсозии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба доир ба муайянкунии воситаҳои нақлиёти гибридӣ, тартиби анҷом додани амалиёти гумрукӣ нисбат ба дастгоҳҳои барқдиҳии автомобилҳои барқӣ, инчунин лоиҳаи Созишнома дар бораи Маркази экспертиза ва тадқиқоти мақсадҳои гумрукии мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ муҳокима шуданд.
Иштирокчиён ба масъалаи татбиқи низоми ягонаи электронии мубодилаи маълумот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оид ба таҳкими сифат ва самаранокии хидматрасонии гумрукӣ ва соддагардонии равандҳои марбут ба он андешидани тадбирҳои муштаракро муайян карданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба татбиқи технологияҳои нав, густариши ҳамкории дуҷониба ва таҳкими амнияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштироки фаъоли намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои минтақавӣ бозгӯи ҳамкории созандаи мамлакат бо давлатҳои аъзои ИДМ дар самти рушди инфрасохтори гумрукӣ ва тақвияти робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ мебошад.
Натиҷаҳои ҷаласа барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар фаъолияти гумрукӣ аҳамияти махсус доранд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






