Байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Созишномаи грантӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) Созишномаи грантӣ ба маблағи 2,04 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Созишномаи грантӣ 23 июн дар қароргоҳи марказии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Константин Лимитовский ба имзо расонида шуд.
Созишномаи грантӣ дар доираи механизми Project-Specific Window (PSW) ва бо маблағгузории Агентии ҳамкории байналмилалии рушди Чин (CIDCA) ҷудо гардидааст. Он барои дастгирии лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм–Нуробод равона шудааст. Инчунин фаъолиятҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла омӯзиши мутахассисон, таъсиси марказҳои омӯзишӣ барои занон ва барномаҳои соҳибкории ҷавонон дар минтақаҳои лоиҳа фаро гирифта мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ин нахустин гранти расмии доираи механизми Project-Specific Window барои Тоҷикистон мебошад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






