Дар Душанбе дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арманистон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид

Июнь 9, 2025 13:39

ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва зарурати тақвияти талошҳои муштарак ҷиҳати истифодаи иқтидори транзитии Тоҷикистон ва Арманистон ва беҳдошти нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли бор байни ду давлат дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Арманистон дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Армен Гевондян баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот тадбирҳои минбаъда ҷиҳати муайян сохтани хатсайрҳои нав — долонҳои мултимодалии нақлиётӣ баррасӣ шуданд. Вазири нақлиёт доир ба аҳамияти фаъолсозӣ ва истифодаи долони нақлиётии мультимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» ибрози назар намуда гуфт, ки Тоҷикистон метавонад ва ба нақша гирифтааст, ки барои дигар кишварҳо минтақаи қулайи транзитии марбут ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, аз қабили ТРАСЕКА ва ЭСКАТО гардад, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Арманистонро дарбар мегиранд. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи декабри соли 2022 Созишномаро дар бораи иҷозати ягонаи транзитии TRACECA (долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё) таъйид ва имзо кард.

Сафир Армен Гевондян дар бораи тадбирҳое, ки аз ҷониби Арманистон бо мақсади таъсиси долонҳои нав ва фаъол гардонидани долонҳои мавҷудаи нақлиётӣ андешида мешаванд, аз ҷумла, сохтмони долони нақлиётии «Шимол – Ҷануб», ки ба роҳандозии ҳамлу нақли транзитӣ байни Гурҷистон, Туркия, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, инчунин иштирок дар лоиҳаи «Чорроҳаи ҷаҳон», ки навсозии шабакаи алоқаи нақлиётиро дар Қафқози ҷанубӣ бо нақши марказии Арманистон дар он дар назар дорад, маълумот дод.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Сафири Арманистон барои идомаи муколама бо мақсади таҳия ва татбиқи минбаъдаи пешниҳод оид ба хатсайрҳои ояндадор, ки ҳамкории иқтисодӣ тақозо мекунад, ба мувофиқа расиданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 9, 2025 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд