Дар Институти биологии Помир озмоишгоҳи биотехнологӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи замонавии биотехнология бо асбобу таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин иқдом дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ки барои беҳтар гардонидани базаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ -таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Олимону муҳаққиқони самти илмҳои биологӣ минбаъд метавонанд дар ин озмоишгоҳ корҳои илмию таҳқиқотӣ анҷом диҳанд.
Озмоишгоҳ бо тамоми асбобу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳадафи асосии он омӯзиши асосҳои физиологӣ-биохимиявии устувории растаниҳо нисбат ба таъсири омилҳои номусоиди экологӣ ва механизмҳои мутобиқшавии онҳо ба таъсири шароити номатлуби баландкӯҳҳо машғул буда, инчунин барои муайян кардани нақши нурҳои ултрабунафш ва ҳарорат дар ташшакулёбии ҳосилнокии растаниҳои баландкӯҳ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар як муддати кӯтоҳ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар пояи 7 муассисаи илмӣ таҳқиқотӣ озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






