Дар Китобхонаи миллӣ китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки дар он китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар рӯнамоӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Ашӯр Сафар аз солҳои 50-уми асри гузашта ибтидо гирифта, пайваста рушду такомул ёфтааст.
Шеърҳои Ашӯр Сафар бо соддабаёнӣ, равонӣ, мазмуну муҳтавои баланд, тасвирҳои зебо, тозабаёнӣ, банду баст ба дубайтию рубоӣ ва дигар жанрҳои адабӣ фарқ мекунад. Шоир ҳамвора кӯшидааст, ки шеърҳояшро бо забони сода ва возеҳу равшан баён кунад. Ӯ дар эҷодиёташ аз вожаҳо ва ибораҳои корбурди байни мардум ба таври васеъ истифода бурдааст. Ҳамин аст, ки шеъри ӯ ба дилҳо роҳ ёфта, ба таронаҳои дилангез табдил ёфтаанд ва имрӯз ҳам аз ҷониби овозхонҳои машҳури тоҷик иҷро мегарданд.
«Аз Ашӯр Сафар ба мо осори баланди пур аз панду насиҳат боқӣ мондааст, ки хонандагон метавонанд доир ба осори баъдеии ин шоири тоҷик маълумоти муфассал аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намоянд»,-баён шуд дар ҳамоиш.
Шоир соли 1967 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, бо эҷод ва нашри китобҳои зиёде, ба мисли «Илҳом», «Хандаи гулҳо», «Фарзанди аср», «Самари умр», «Гули маҳтоб», «Базми садоқат», «Гапи подор», «Арзи меҳр» ва «Гулбоғ» байни дӯстдорони шеъри ноб машҳур гардид.
Намунаи ашъори Ашӯр Сафар ба забонҳои русӣ, узбекӣ, арманӣ, қирғизӣ, туркманӣ тарҷумаву нашр гардида, китобҳои алоҳидааш ба забони русӣ дар Москва ва ба хатти форсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чоп шудаанд.
Рӯнамоии чунин дастурҳо ва китобномаҳои шарҳиҳолӣ барои муҳақиқони ҷавон ва донишҷӯён бисёр муфид буда, метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд.
Дар Китобхона миллӣ аз оғози фаъолият то ба имрӯз диққати асосӣ ба библиографияи тоҷик, махсусан дар омода ва таҳия намудани дастурҳои библиографӣ, хизматрасонии библиографӣ дода мешавад. Ин муассиса ҳамчун маркази библиографӣ барои тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ дастурҳои методию тавсиявӣ, дастурамалҳо таҳия менамояд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






