Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ масъалаи рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусиро баррасӣ намуданд

Июнь 20, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 20.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 июни соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ — омили муҳимми ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли дигар мушкилоти ҷойдошта дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Ораз Муртазозода изҳор дошт, ки соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ бо дарназардошти нақши муҳим доштанашон дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мамлакат муайян гардидааст.

— Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ мебошад, -афзуд Ораз Муртазозода.

Дар конфронс таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорию сармоягузориро дар санадҳои муҳимми стратегии мамлакат, аз ҷумла, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» яке аз воситаҳои асосии таъмини ҳадафҳои гузошташуда муайян намудааст, ки ин далели возеҳу равшани аҳаммияти бахши хусусӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.

«Дар шароити имрӯза таъмини рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар баробари ҳалли дигар масъалаҳо аз бисёр ҷиҳат ба дастрасӣ ва таъмини субъектҳои соҳибкорӣ бо захираҳои қарзию моливии имтиёзнок вобаста мебошад. Тибқи оморӣ расмӣ, соли 2024 ҳаҷми пешниҳоди қарз ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар мамлакат 7,6 млрд сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2020 тақрибан ду баробар зиёд мебошад. Бо вуҷуди он, ки дар ин давра ҳаҷми пешниҳоди қарз беш аз 27,6 млрд сомониро ташкил намуда бошад ҳам, ин нишондиҳанда барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ва захираю имкониятҳои мавҷуда ҳанӯз қонеъкунанда нест»,- тазаккур дод Ораз Муртазозода.

Дар ҳамоиш иброз карда шуд, ки таъмини рушди босуботи фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ бевосита ба бастаи имтиёзу сабукиҳои гуногуни иқтисодиву маъмурӣ алоқаман аст. Бинобар ин, таъмини сатҳи бархӯрдории субъектҳои соҳибкорӣ аз имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ ва қарзиву молиявии дар қонунгузории амалкунанда пешбинигардида, инчунин, таъмини бархӯрдории онҳо аз мораторияҳои эълонгардида ба санҷиши субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумот, ҳоло дар қонунгузории амалкунанда ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ беш аз 120 номгӯйи имтиёзу сабукиҳо, пешбинӣ гардида, аз он 85 фоизашро имтиёзҳои фискалӣ ташкил медиҳад.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 20, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои фаъолияткунанда 4 фоиз зиёд гардидааст
Дар Хатлон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 30 миллиард сомониро ташкил додааст
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба 4 ҳазор мерасад
Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025» баргузор шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба беш аз 28 миллиард сомонӣ расид
«AI CONF». Дар доираи конфронси байналмилалӣ намоишгоҳи иноватсионӣ баргузор гардид
Дар Шуғнон то охири сол неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025 ҷаласа доир шуд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
Даври омӯзишии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» санҷиш, ҳифзу ҳимоя ва ҳуқуқвайронкуниҳои ин соҳаро фаро гирифт
Дар ноҳияи Мастчоҳ нақшаи ҷамъоварии пахта қариб 80 фоиз иҷро гардидааст