Дар Осорхонаи миллӣ намоиши офаридаҳои наққош ва муҷассамасози маъруф Амонуллоҳ Ҳайдарзод ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 10.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 120 нигораҳои ҷолиб ва офаридаҳои нодири наққош ва муҷассамасози маъруфи афғонистонии муқими Амрико Амонуллоҳ Ҳайдарзод дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Намоиши офаридаҳои наққоши чирадаст ва муҷассамасози маъруф бо ибтикори Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон -«Пайванд» ва Китобхонаи устод Халилуллоҳ Халилӣ ташкил карда шуд.
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Анҷумани «Пайванд», атташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳаёту фаъолияти эҷодии наққош ва муҷассамасози машҳур Амонуллоҳ Ҳайдарзод сухан намуда, нақши ӯро дар рушд ва муаррифии санъати наққошӣ байни форсизабони ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар намоиш зиёда аз 120 нигораҳои ҷолиб ва офаридаҳои нодири ҳунарманд Амонуллоҳ Ҳайдарзод, ки бо истифода аз маводи гуногун ба мисли шиша , филлиз, пластик, коғаз чеҳраи шахсиятҳои маъруфи ҷаҳониро бо услуби хос ва диди фалсафии хеш тасвир намудааст, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Профессор Амонуллоҳ Ҳайдарзод, ки ба арзишҳои инсонгароӣ ва ваҳдати фарҳангии форсизабонони ҷаҳон арҷ мегузорад, бо муҳаббат ва эҳтироми самимӣ нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чор медал бо тасвири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ омода намуда, онро ба Осорхонаи миллӣ ҳамчун рамзи дустӣ эҳдо намуд.
Намоиш дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, ҳамчун як пайванди муҳим байни Тоҷикистон ва намояндагони форсизабонони ҷаҳон аз ҷониби ҳунарманд Амонуллоҳ Ҳайдарзод арзёбӣ гардид.
Намоиши нигораҳои ҷолиб ва офаридаҳои нодири наққош ва муҷассамасози маъруф Амонуллоҳ Ҳайдарзод далели возеҳи он аст, ки Анҷумани «Пайванд» дар тӯли фаъолияташ муваффақона сиёсати илмию фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар дохил ва хориҷи кишвар таблиғу ташвиқ намуда, барои таҳкими ваҳдати маънавӣ байни тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон саҳми назаррас мегузорад.
Зиндагиномаи наққшош ва муҷассамасозӣ маъруф хеле рангин ва ибратомӯз аст. Амонуллоҳ Ҳайдарзод 86 сол дошта, соли 1939 дар пойтахти Афғонистон -шаҳри Кобул таваллуд шуда, дастпарвари Академияи ҳунарҳои зебои Рим ва Коллеҷи медалсозии заробхонаи Рим мебошад. Инчунин ӯ Институти ҳунарҳои «Корро»-и Римро хатм намуда, дорои мадраки коршиноси аршад (магистр) аз Донишгоҳи Ню-Йорк аст. Инчунин Устод ва бунёдгузори Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Кобул ва бунёдгузори нахустин осорхонаи ҳунарҳои муосир дар Кобул мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегарданд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид
«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад






