Дар шаҳри Хуҷанд ғолибони олипиадаҳо ва омӯзгорони беҳтарин қадршиносӣ шуданд

Июнь 21, 2025 09:46

ДУШАНБЕ, 21.06.22025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Хуҷанд ғолибони олимпиадаи фаннии хонандагон ва олимпиадаҳои байналмилалиро қадршиносӣ намуд. Инчунин омӯзгорони беҳтарин ва муассисаҳои таълимии намунавӣ низ бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Бо мақсади  ҳавасмандгардонии ғолибони даври ҷумҳуривии олимпиадаҳои фаннии хонандагон аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд 134 ҳазору 600 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба ҳар як хонанда аз 400 то 2000 сомонӣ мукофот дода шуд.

Изҳор гардид, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ тариқи онлайн ва интихобӣ сол то сол зиёд гардида истодааст.

Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ, фосилавӣ дар соли таҳсили 2024-2025 — 1102 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар кишварҳои Русия, Узбекистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Малайзия, Индонезия, Арабистони Саудӣ ва  Бразилия иштирок намуданд.

Инчунин аз байни 22 000 иштирокчиён аз 117 давлати дунё дар олимпиадаи байналмиллалии «STЕM» ва дар Мусобиқаи байналимллалии «Coding» хонандагони шаҳр иштирок намуда, дар натиҷа сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар олимпиадаи байналмиллалии Тинилинг хонандагони муассисаҳои таълимӣ сазовори 5 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Дар соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд олимпиадаи фаннии хонандагон гузаронида шуд, ки дар он 18 ҳазору 309 нафар иштирок намуданд. Дар умум, дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннии хонандагон 450 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Инчунин дар даври вилоятии олимпиадаи фаннии хонандагон — 450 нафар иштирок намуда, аз он 314 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон 252 нафар иштирок намуда, аз он 154 нафар, аз ҷумла 15 нафар ҷойи якум,  27 нафар ҷойи дуюм ва 111 нафар ҷойи сеюм гирифтанд.

Хонандагон барои чунин ғамхорию эҳтиром ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Июнь 21, 2025 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд