Донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба меҳмонони хориҷӣ либосҳои миллиро намоиш доданд
ДУШАНБЕ, 21.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн зимни баргузории Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон-қалби гарми сайёҳӣ», ки дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор шуд, гурӯҳи донишҷӯдухтарони донишгоҳ либосҳои миллиро бо ифтихор ба бар намуда, фарҳанги халқи тоҷикро ба меҳмонони хориҷӣ муаррифӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хабар доданд.
Ин иқдом, ки бо ҳусни зебоӣ ва тобиши ватандӯстона иҷро гардид, на танҳо тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, балки як навъ гиромидошти арзишҳои миллӣ ва пос доштани фарҳанги ниёгон ба шумор меравад.
Меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба куртаҳои чакану атлас ва адрас ки бо маҳорати баланд дӯхта шудаанд, баҳои баланд доданд. Меҳмонон дар бораи мувофиқати рангҳо дар чакан ва маънии гулҳои он пурсон шуданд. Донишҷӯдухтарон дар ҷавоб ба онҳо иброз доштанд, ки ҳар як гули чакан маънои хос ва номи худ дорад, аз ҷумла моҳтоб, ова, ситора, каҷак ва ғайра. Чеварони машҳури чакандӯз мувофиқати рангҳоро дар ин ҳунари бостонӣ дар ҷойи аввал мегузоранд.
Онҳо иброз доштанд, ки чакан на танҳо як навъ либос, балки ифодаи тафаккури зебоиофар, шефтагии эстетикӣ ва рамзи бонувони ҳунарманду тамаддунофари тоҷик аст.
Маҳз чунин ташаббусҳо метавонанд ҳувияти миллиро дар фазои фарҳангии ҷаҳони муосир ҳифз ва таҳким бахшанд.
Донишҷӯдухтарон бо ин амали шоистаи худ собит намуданд, ки арзишҳои миллӣ на танҳо бояд ҳифз шаванд, балки бояд бо ифтихор ба ҷаҳониён муаррифӣ гарданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






