Эмомалӣ Раҳмон: «Ба рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ равона шудааст»

Июнь 28, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 28.06.2025 /АМИТ «Ховар»/ – Дар доираи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ зиёда аз 25 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин хусус имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят иброз доштанд.

«Дар ин давра барои тараққиёти вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ 7,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла барои дастгирии буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 2,9 миллиард сомонӣ ҳамчун кумаки Ҳукумати мамлакат ҷудо гардидааст, — таъкид намуданд Сарвари давлат. — Дар ин давра ба соҳаи сохтмони вилоят аз ҳамаи сарчашмаҳо 7,5 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, беш аз 2 ҳазору 300 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёду азнавсозӣ карда шудааст».

Дар идома тазаккур дода шуд, ки аз соли 2008 то имрӯз Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 121 иншооти иҷтимоиву маъмурӣ ба маблағи 788 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода, боз 17 иншооти дигар ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар ҳоли сохтмон қарор доранд.

Илова бар ин, такъид гардид, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 13 лоиҳа ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома дорад.

Танҳо барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, сифати таълиму тарбия, ободу зебо гардондани муҳит ва сарфаю сариштакорӣ бояд зери назорати доимӣ қарор дошта бошанд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳру ноҳияҳои он мунтазам рушд ёфта, шароити зиндагии аҳолӣ нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардидааст..

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 28, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак», марҳилаи 1 моҳи декабри соли 2026 анҷом меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонӣ дар Дубай иштирок дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар неругоҳу марказҳои истеҳсоли барқу гармии ҶСК «Барқи Тоҷик» беш аз 18 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикстандарт» зиёда аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро ба қайд гирифт
Дар Душанбе оид ба молияи исломӣ ва бозорҳои сармоя машварати байналмилалӣ оғоз гардид
«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони ноҳияи Лахш соли 2025 беш аз 111 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуданд
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
Соли 2025 дар Тоҷикистон ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шуд
Соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна зардолуи хушк содирот карда шуд
Хадамоти алоқа: Соли 2025 ҳаҷми хизматрасонии почта дар Тоҷикистон беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод