Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ идома дорад»
ДУШАНБЕ, 28.06.2025 /АМИТ «Ховар»/ – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид намуданд, ки бо мақсади таъмини пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои 2021–2025 идома дорад.
Барномаҳо ба самтҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ равона гардида, татбиқи онҳо заминаи устувор барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон фароҳам меорад.
Тибқи иттилои пешниҳодшуда, аз 869 лоиҳаи дорои аҳаммияти иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар доираи барномаҳо ба нақша гирифта шудаанд, то имрӯз 442 лоиҳа ба маблағи беш аз 5,7 миллиард сомонӣ амалӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба ин лоиҳаҳо 7,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
«Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, дар доираи иҷрои барномаҳои вилоятӣ, то соли 2025 маблағи 1,1 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст, ки 75 фоизи нақшаро ташкил медиҳад», — изҳор намуданд Пешвои миллат.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати сари вақт амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои қабулшуда чораҷӯйӣ намоянд.
Сарвари давлат ҳамчунин тазаккур доданд, ки дар таҳия ва қабули барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои оянда бояд ба масъалаҳои таъсиси ҷойҳои кории нав, саноатикунонии босуръат ва истеҳсоли молҳои дорои арзиши баланди иловашуда таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






