Муовини Сарвазир бо вазъи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии ноҳияи Рашт шинос гардид

Июнь 12, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода  бо  вазъи як қатор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии ноҳияи Рашт шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни шиносоӣ бо вазъи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак иттилоъ дода шуд, ки муассиса аз ду бино иборат буда, яке аз биноҳои кӯҳна, ки дорои 2 синфхона мебошад, бинобар фарсудагии зиёд аз истифода берун бароварда шудааст. Дар айни ҳол дар бинои нави муассиса, ки дорои 6 синфхона мебошад, 170 нафар хонанда таҳсил менамоянд, ки  ба онҳо 12 омӯзгор дарс мегӯяд.

Сулаймон Зиёзода  бо вазъи муассисаи таҳсилоти ибтидоии №108-и деҳаи Қалъаи Ҷамоати деҳоти Ҳичобрак низ шинос  гардид. Бинои муассиса бинобар зарар дидан аз офати табиӣ ба ҳолати садамавӣ дучор гардида, хонандагон бо назардошти дурии муассисаи алтернативӣ муваққатан дар ҳамин бино таҳсил менамоянд. Аз рӯйи арзёбии масъулин, бунёди 4 синфхонаи иловагӣ дар ҳудуди муассиса дар назар аст.

Муовини Сарвазир инчунин бо вазъи муассисаи таҳсилоти ибтидоии №103, воқеъ дар деҳаи Сафедтундаки Ҷамоати деҳоти Аскалон шинос гардид. Бинои муассиса дар пайи офати табиӣ осеби ҷиддӣ дида, фаъолияти таълимӣ дар он ғайриимкон гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки хонандагони муассиса ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 барои идомаи таҳсил рафта истодаанд. Бо мақсади таъмини шароити устувори таълимӣ, бунёди бинои нави таълимӣ иборат аз 3 синфхона ба нақша гирифта шудааст.

Муовини Сарвазир ва муовини Вазири маориф ва илм зимни шиносоӣ ва суҳбат бо омӯзгорон, масъулини мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони сохторҳои марбутаро  таъкид намуданд, ки фароҳамсозии шароити мусоиди таҳсил барои ҳар як кӯдак, новобаста аз макони зист ва шумораи хонандагон, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар пайравӣ ба иқдомҳои инсонпарварона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва муҷаҳҳазнамоии ин муассисаҳо аз 13 апрел оғоз гардидааст.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд