Натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Брюссел муаррифӣ карда шуд

Июнь 16, 2025 12:04

ДУШАНБЕ,16.06.2025./АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29-31 майи соли 2025) дар ҳамоише, ки дар Брюселл таҳти унвони «Чолишҳои марбут ба захираҳои об ва ривоятҳои муҳитизистӣ барои ояндаи устувор ва ба иқлим тобовар», баргузор гардид, муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, раиси гӯруҳи байнипарлумонӣ, узви Сенати Подшоҳии Белгия Крис Фердуюкт, директори генералии Вазорати корҳои хориҷии Юнон оид ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим Мария Диамантопоулу ва дигарон сухан намуданд.

Баҳодур Шерализода моҳияти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи обу иқлим ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо – 2025 -ро муаррифӣ намуда, оғози «Раванди нав оид ба ҳифзи пиряхҳо» ва пешбурди ин рӯзномаро махсусан тавзеҳ дод.

Иштирокдорони ҳамоиш аз нақши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар мавзуи об ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, оид ба таҷриба ва бархурди кишвару ниҳодҳои худ бо чолишҳои муҳитизистӣ, пешгирии тағйирёбии иқлим, коҳиши офатҳои табиӣ ва гузариш ба «иқтисоди сабз» ибрози назар намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Конфронси байналмилалии сатҳи бланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба онҳо буд. Ин чорабинии бонуфуз бо иштироки намояндагони давлатҳои гуногуни ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 16, 2025 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд