Зернизоми Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёти низоми иттилоотии Хадамоти гумрук -«АСИКУДА-и ҷаҳонӣ» фаъол карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз моҳи июни соли равон зернизоми Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёти низоми иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- «АСИКУДА*-и ҷаҳонӣ» дар фаъолияти амалии ҳамаи дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ фаъол гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зернизоми мазкур бо мақсади иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ ва дар ин робита мусоидат ба раванди табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ фаъол гардидааст.
Бо амалӣ гардидани ин зернизом, воситаҳои нақлиёти хориҷӣ ва қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарҳади давлатиро убур менамоянд, дар низоми иттилоотии мақомоти гумрук ба таври электронӣ сабт шуда, маблағҳои хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти хориҷӣ тавассути ҳудуди Тоҷикистон ба таври худкор ҳисоб гардида, пардохти ғайринақдии маблағҳои мазкур то иҷозат додан ба вуруду хуруҷи восиатҳои нақлиёт ба таври самаранок таъмин карда мешавад.
Ин раванд бо мақсади такмили назорати гумрукӣ, суръатбахшӣ ба барасмиятдарории гумрукӣ, таъмини шаффофияти расмиёти гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои давлатӣ равона гардидааст.
Ҷорӣ намудани зернизоми муосири Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёт дар фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як марҳилаи муҳим дар самти рақамикунонии раванди гумрукӣ, таҳкими назорати гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад.
АКС:Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
*АСИКУДА – (Automated System for Customs Data) -низоми автоматикунонидаи маълумоти гумрукии системаи компютерие аст, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд барои идоракунӣ ва рушди гумрукии давлатҳои ҷаҳон таҳия шудааст.








Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад






