Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Гурӯҳи сохтмони энергетикии Чин» нақша дорад, ки дар вилояти Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобиро таъсис диҳад. Ин масъала зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон бо намояндагони ин ширкати чинӣ, ки имрӯз доир шуд, баррасӣ гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, «Гурӯҳи сохтмони энергетикии Чин» яке аз ширкатҳои бузурги давлатӣ аст, ки ба сохтмони иншооти энергетикӣ ва истеҳсоли таҷҳизот барои онҳо машғул буда, ҳамчунин яке аз калонтарин пудратчиён дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои чинӣ ва таъсиси неругоҳҳои бодию офтобӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Чин аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи неруи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергияи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






