Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳаҷми кумакпулиҳоро барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ зиёд менамояд
ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии олимону муҳаққиқон ва тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тасмим гирифтааст, ки шуруъ аз моҳи сентябри соли равон ҳаҷми кумакпулиҳоро барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ зиёд намояд. Тибқи ин тасмим, барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 7000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 20000 сомонӣ ҷудо карда мешавад. Дар ин хусус 25 июл зимни нишасти матбуотии донишгоҳ хабар дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар самти илм ва таҳқиқот 93,08% омӯзгорони донишгоҳ ба корҳои илмӣ машғул буда, дар давраи ҳисоботӣ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.
Дар соли таҳсили 2024-2024 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро 2 ҳазору 465 нафар муваффақона хатм намуда, 68 нафар соҳиби дипломи аъло гардид. Сифати умумии таълим ба 36,9% расида, нисбат ба соли 2024 1,9% афзудааст.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд






