«FlyDubai» дар масири Дубай-Душанбе-Дубай ҳамарӯза парвозҳои ҳавоӣ анҷом медиҳад

Июль 25, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 3 сентябри соли 2025 парвозҳои ширкати «FlyDubai» дар масири Дубай-Душанбе-Дубай бо зичии 7 парвоз дар як ҳафта, яъне ҳамарӯза амалӣ карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи хабари манбаъ, зиёд шудани парвозҳо ба рафтуомади осони шаҳрвандони ватанию хориҷӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Вобаста ба фарох гардидани ҷуғрофияи парвозҳо аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «FlyDubai», ки дар самтҳои Дубай-Душанбе-Дубай ҳамчун интиқолдиҳандаи мунтазами мусофирон таъйин гардидааст, ҳоло парвозҳоро дар як ҳафта 3 маротиба амалӣ менамояд.

Аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ ба Ширкати «FlyDubai» дастур дода шуд, ки хизматрасонии чиптаро бо нархҳои дастрас ба мусофирон пешниҳод намояд.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷуғрофияи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷиро васеъ намояд.

24 июл зимни нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ оид ба тадбирҳои андешидашаванда доир ба танзими нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ савол пешниҳод шуда буд.

Дар робита ба ин аз Агентӣ ба АМИТ «Ховар» шарҳ доданд, ки иқдоми мазкур низ яке аз тадбирҳои андешидашаванда барои арзон намудани нархи чиптаҳо ва беҳтар кардани хизматрасонии соҳа мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз пеш тақвият медиҳад.

Чанде пеш дар Душанбе мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳӣ, Раиси Мақомоти федералии авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, хусусан дар соҳаи авиатсияи гражданиро бо ҳадафи рушди ҳамкории иқтисодӣ ва рушди сайёҳӣ баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо масъалаи ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Шарҷа ва Душанбе-Абузабиро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар айни замон байни Душанбе ва Дубай хатсайри мустақими ҳавоӣ фаъол аст, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии «Сомон Эйр» ва «FlyDubai» анҷом дода мешавад.

Ҷонибҳо барои таҳкими бештари ҳамкорӣ дар самти афзоиши шумораи парвозҳо ва содагардонии раванди сафарҳо ибрози омодагӣ намуданд.

Инчунин дар доираи Форуми иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ байни ду давлат ба имзо расонида шуд. Созишнома барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии авиатсияи гражданӣ, интиқоли мол ва мусофирон тавассути алоқаи ҳавоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин ин санад ҳамкориро дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ ба танзим дароварда, ба ҷалби сайёҳону сармоягузорон аз кишварҳои халиҷӣ замина мегузорад.

Ин созишнома ба ширкатҳои ҳавоии ватанӣ имкон медиҳад, ки тавассути Амороти Муттаҳидаи Араб парвозҳоро ба дигар давлатҳои дуру наздик ба роҳ монда, ҷуғфорияи парвозҳоро васеъ намоянд.

Созишнома қадами муҳим дар самти тақвияти ҳамкории стратегӣ ва рушди робитаҳои нақлиётии байни ду давлат арзёбӣ мегардад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 25, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад