Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд

Июль 12, 2025 08:41

ДУШАНБЕ, 12.07.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаш моҳи соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 адад корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо 360 ҷойҳои нави кор мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар вилоят   теъдоди корхонаҳои саноатӣ ба 182 адад расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки  танҳо дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33 адад корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 264 адад ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар онҳо 14 номгуйи маҳсулот истеҳсол мегардад.

Таъсис додани ин корхонаҳо,  пеш аз ҳама бо мақсади рушди саноат дар ҷумҳурӣ дар доираи амалӣ намудани ҳадафи стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръат ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат мебошад.

Солҳои охир соҳаи саноати вилоят тамоюли мусбии рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш бамаротиб зиёд таъмин шуда истодааст.

Амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» барои рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии вилоят муҳим буда, ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва дар ин замина зиёд намудани номгўи маҳсулоти истеҳсолшавандаи маҳаллӣ, ба баланд намудани сатҳи некӯаҳволии вилоят мусодат менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 12, 2025 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад