НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии хоҷагии ҷангал дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ зиёда аз 102 ҳазор бех ниҳол шинонид

Июль 31, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи амали «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар мамлакат зиёда аз 102 ҳазору 308 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ, сояафкану мевадиҳандаи мутобиқ ба маҳал шинонида шуданд. Чунин иттилоъ дод муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Давлаталӣ Шарифзода иброз намуд, ки ин ниҳолҳо дар талу теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе, шоҳроҳҳои Душанбе-Варзоб, Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Ҳисор, Душанбе-Бохтар ва дигар мавзеъҳои шаҳру ноҳияҳо шинонида шуданд.

Барои таъмин намудани сабзиши ниҳолҳои шинонида дар ин мавзеъҳо мунтазам корҳои нигоҳубини ниҳолҳо, аз қабили нармкунии бехи ниҳолҳо ва қисман обдиҳӣ гузаронида шуданд.

Инчунин зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ, ба ҳолати 1 июли соли 2025 дар ташкилоту муассисаҳои системаи Агентӣ корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор ва бунёди плантатсияҳо дар 3276,3 гектар иҷро гардидааст, ки аз он бунёди ҷангал 1097,4 гектар, барқароркунии ҷангал 1862,9 гектар ва бунёди плантатсияҳои хуч, писта, чормағз ва дигар намуди дарахтон 316 гектарро ташкил медиҳад. Инчунин корҳои пурракунии зичии ниҳолҳо дар 984,5 гектар ва нигоҳубини ҷангал дар 10 059 гектар гузаронида шуда, пешбурди корҳо дар ин самт идома дорад.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад