НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 3 ҳазор гектар заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд

Июль 25, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади васеъ намудани заминҳои обёришаванда соли равон аз худ намудани 3 ҳазору 254 гектар замини нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 1 ҳазору 400 гектар замини бекорхобида ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода иттилоъ дод.

Аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва заминҳои ғайрикишоварзӣ 1 ҳазору 363 гектар заминҳои нав аз худ карда шуда, 1 ҳазору 732 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд.

Барои дастгирии соҳа дар назди агентӣ 3 лоиҳаи сармоягузорӣ: «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон», «Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш» ва «Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон» ба маблағи 135 миллиону 700 ҳазор доллари амрикоӣ татбиқ мешавад. Аз маблағи умумӣ то имрӯз ба маблағи 50 миллион доллар корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 242 ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият менамоянд, ки ба 468 ҳазору 300 гектар заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад