НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бо мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ 3 марказ бунёд гардид

Июль 22, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 2 маркази фарҳангӣ, аз қабили «Маркази чинӣ» ва «Маркази кореягӣ» бунёд ёфта, ҳамзамон «Маркази русӣ» таъмир шуда, пурра ба талаботи замон ҷавобгӯ ва бо технологияҳои навин муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ин марказҳо бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ таъсис меёбанд.

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 шартномаи дутарафаи ҳамкорӣ бо 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат, аз ҷумла бо донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Белорус ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самти барномаи табодули омӯзгорону донишҷӯён ва таҳияи барномаи таълимӣ ба имзо расид.

Дар асоси имзои ин шартномаҳо гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ, конфронсҳо, даврҳои такмили ихтисос, мубодилаи олимон, аспирантон, донишҷўёну магистрон (1:1), таҳияи маводи илмӣ, таҳияи лоиҳаи илмй, хондани маъруза аз тарафи профессорон, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ба даври забономӯзӣ равон кардани донишҷӯён ва омӯзгорон дар назар аст.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани бандҳои созишномаҳо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон табодули донишҷӯёну омӯзгорон, даврҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони донишгоҳ ва сафарҳои хориҷӣ барои иштирок дар чорабиниҳои илмиро ташкил намуд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд