НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар татбиқ мегардад
ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар айни замон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 140 миллион доллари ИМА амалӣ мегардад, ки аз ин 7 лоиҳа дар ҷараёни татбиқшавӣ ва 4 лоиҳаи дигар ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд. Чунин изҳор дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Иброз гардид, ки соли равон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон (49 километр) ба маблағи 131,4 миллион доллари ИМА, Гулистон – Фархор 29,6 километр ба маблағи 41 миллион доллари ИМА ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод, қисмати 3 (пули калон 920 м) ба маблағи 80,85 миллион доллари ИМА оғоз гардиданд.
Ба иттилои Азим Иброҳим, соли равон 3 лоиҳаи дигар ба маблағи 447,1 миллион доллар, 138 километр роҳҳо бо инфрасохтори зарурияшон ба истифода дода мешаванд. Инҳо роҳҳои Роғун — Оби гарм – Нуробод ба масофаи 76 километр; роҳ аз шоҳроҳ то шаҳри Роғун- 11 километр; нақби “Истиқлол”, марҳилаи 2 ва 51 километр роҳҳо дар вилояти Суғд мебошанд.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои фарогирии пурраи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт 30 модул тартиб дода шуда, 13 модули он мавриди коркард ва истифода қарор доранд. Дар айни замон аз 5 миллиону 567,9 километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявии истифодаи умуми дар тавозуни вазорат қарордошта 5 266,3 километр ё 94,5 фоиз маълумот вобаста ба дороиҳои роҳҳои автомобилгард ҷамъоварӣ карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаю идораҳои сохтори Вазорати нақлиёт аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» хизматрасонии почтаи электронӣ ва 301 адад GPS дар техникаҳои роҳнигоҳдорӣ васлу насб гардидааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






