НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад

Июль 31, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода вобаста ба талабот ва ниёзҳои ҷомеа ояндаи наздик  ихтисоси нав — «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис дода мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Маҳмуд Назарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Ин тасмим бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ва  дастрасӣ ба таҳсили босифат гирифта шудааст», -иброз дошт Маҳмуд Назарзода.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол довталабон ба донишкада аз рӯи 29 ихтисос дар бахшҳои рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона қабул карда шуданд. «Аллакай нақшаи қабул ба донишгоҳ дар даври якуми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 фоиз иҷро шуда, дар даврҳои минбаъда пурра иҷро мегардад», -иттилоъ дод ректори донишкада.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд