НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот зиёда аз 10 ҳазор истилоҳро баррасӣ ва мувофиқа намуд
ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2025 10 ҳазору 936 истилоҳ баррасӣ ва мувофиқа карда шудааст, ки 6 луғат, 2 дастури таълимӣ-коргузорӣ, 4 асари Пешвои миллат, 4 филмномаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», 10 вожаю истилоҳоти тахассусӣ ва ғайра аз ин ҳисоб мебошанд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода баён дошт.
«Кумита дар шашмоҳаи якуми соли 2025 42 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва танзиму ҳамгунсозии истилоҳот баррасӣ карда, хулосаҳо додааст. Яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (теъдоди 64 адад) 22 адад ё 34,3 фоиз камтар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод гардидаанд», -иброз дошт раиси кумита.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2025 кумита ба номгузории 2 муассисаи таълимӣ ва 5 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, дар умум ба номгузории 7 муассисаю ташкилот ва ҷамъият аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот хулоса пешниҳод намудааст. Яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (11 муассисаю ташкилот ва ҷамъият) аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ 4 адад ё 36,6 фоиз камтар муроҷиат ворид гардидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






