«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд

Июль 1, 2025 13:07

ДУШАНБЕ, 01.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин шуруъ аз 1 июл аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines»-и Чин парвозҳои мусофирбарии мустақим дар масири Қошғар-Хуҷанд –Қошғар оғоз карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Парвозҳо дар масири Қошғар-Хуҷанд -Қошғар дар як ҳафта як маротиба анҷом дода мешавад. Ин иқдом бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофиёи парвозҳо, рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон амалӣ шудааст.

Ба роҳ мондани парвозҳои мустақим дар масири Қошғар-Хуҷанд-Қошғар дар ҳолест, ки 16 июни соли 2025 байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин парвозҳои мустақим аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» амалӣ мегардад. Хатсайри мазкур бо ибтикори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти авиатсияи гражданӣ ифтитоҳ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки тавсеаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва Чин яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ маҳсуб ёфта, дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

Дар ин замина, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати афзун намудани теъдоди парвозҳо ва кушодани хатсайрҳои нав байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин супоришҳои мушаххас дода буданд. Бо мақсади иҷрои ин дастуру супоришҳо моҳи марти соли 2025 ҳайати Маъмурияти авиатсияи граждании Чин ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар ҷараёни ин сафар мулоқоти судманд байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва муовини якуми Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Бинг, инчунин бо роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки солҳои охир дар партави сиёсати дарҳои боз ва дастгириҳои доимии роҳбарияти олии мамлакат шумораи хатсайрҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ мунтазам афзоиш меёбад. Дар ин замина, хатсайрҳои нав байни Душанбе ва шаҳрҳои Истанбул, Дубай, Москва, Алмато, Тошканд, Деҳлӣ ва Теҳрон фаъол гардидаанд, ки дар муаррифии иқтидори транзитии мамлакат ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ нақши муҳим доранд.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки дар оянда низ бо мақсади тақвияти рақобатпазирии соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон, ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии бонуфузи ҷаҳон идома хоҳад ёфт ва шумораи парвозҳои байналмилалӣ пайваста зиёд мегардад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2025 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ ПАХТАКОРӢ МУНОСИБАТИ ҶИДДӢ ТАЛАБ МЕКУНАД. Он ба амнияти озуқаворӣ, рушди саноати сабук ва афзоиши содирот вобаста аст
Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 96 тонна асал истеҳсол карда шуд
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
Кишоварзони Тоҷикистон соли 2026 дар беш аз 274 ҳазор гектар зироати ғалладонагӣ кишт менамоянд
Дар ҶСК «Барқи Тоҷик» самти энергетикии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардид
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи долони нақлиётӣ, ки Чинро бо Аврупо мепайвандад, ба мувофиқа расиданд
Сохтмони хати барқии баландшиддати ҳавоӣ аз зеристгоҳи «Равшан» то зеристгоҳи «Шаҳринав-2» идома дорад
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Татбиқи барномаҳои электронии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об баррасӣ шуд