Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд

Июль 11, 2025 09:12

ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи ҳунармандон ва санъаткорони Ҷумҳурии Қирғизистон баъд аз иштирок ва ҳунарнамоӣ дар барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Дӯстии абадӣ», ки дар «Кохи Борбад» ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафта, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик аз наздик шинос гардиданд.

Ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ба меҳмонон дар толорҳои намоишии осорхона сайрҳои осорхонавӣ ташкил карда шуд.

Меҳмонон дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо табиати зебоманзари Тоҷикистон, фарҳанги пурғановат ва давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик аз наздик шинос гардиданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 11, 2025 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд