Тоҷикистон ва Беларус густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва кишоварзиро баррасӣ намуданд

Июль 30, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл дар доираи машварати 10-уми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Юрий Горлов вохӯрӣ намуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо баргузории ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷаласаи 37-уми вазирони кишоварзии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки аз 17 то 20 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо инчунин масъалаи бунёди корхонаҳои коркарди ширу гӯшт, воридоти чорвои хушзоти самти гӯштию ширӣ, афзоиши содироти хушкмева ба бозори Беларус, таҳкими иқтидори Ҷамъияти саҳомии ҶСШП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор дар самти ҷамъу васли трактору механизм ва комбайнҳои ғалладарави тамғаи GS-5, таъсиси корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, ҷудо намудани бурсияи бештар барои донишҷӯёни Тоҷикистон, ҷалби бештари таҷрибаомӯзони тоҷик ба корхонаҳои истеҳсолии Беларус, таҳкими ҳамкорӣ дар самти боғу токпарварӣ, тухмипарварӣ, парандапарварӣ, тағйирёбии иқлим ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасонро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо вобаста ба тақвияти гардиши молу маҳсулот байни ду давлат, таҳкими ҳамкорӣ дар самти кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ, сармоягузорӣ, ҳавасманд намудани доираҳои соҳибкорӣ ва тезонидани раванди бунёди хонаи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Минск низ ибрози назар намуданд.

Зимни баргузории ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доираҳои соҳибкорӣ бештар ҷалб шуда, ба хотири афзоиш додани гардиши молу маҳсулот байни ду давлат санадҳои ҳамкории дуҷониба дар самти бахши хусусӣ ба имзо расонида мешаванд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 30, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд