Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Бакит Сидиков баргузор шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишварро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар асоси дастуру супориши сарони ду давлат ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва расонидани ҳаҷми савдо то ба 500 миллион доллар дар давраи миёнамуҳлат баён намуданд.
Завқӣ Завқизода изҳор дошт, ки бо роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров равобити ду ҷумҳурӣ ба сатҳи сифатан нав баромада, заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкории минтақавӣ фароҳам омадааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судмандро таъкид намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши ҳамкории минбаъда изҳор доштанд.
Иброз гардид, ки барои расидан ба ҳадафи мазкур заминаи мусоид ва иқтидори иқтисодии ҳар ду давлат басанда буда, корҳо дар самти содагардонии расмиёти савдо, интиқол ва транзити молу маҳсулот, рақамикунонӣ ва истифодаи долонҳои тиҷоратӣ бояд тақвият дода шаванд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд






