Бахшида ба 1045-солагии табиби машҳури ҷаҳон-Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар саросари ҷаҳон 1045-солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад. Мо ифтихор аз он дорем, ки Ибни Сино фарзанди бузурги халқи тоҷик аст ва тоҷик бо номи ӯ дар ҷаҳони илму фалсафа ифтихор мекунад. Ин матлабро 15 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаи асолати миллӣ дар фалсафаи Ибни Сино» иброз намуд.
Иброз гардид, ки ба хотири бузургдошти Шайхурраис бо ибтикори Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ конфронсу симпозиумҳо ва машваратҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд. Академияи миллии илмҳо низ бахшида ба бузургдошти Ибни Сино конфронсу симпозиумҳои зиёд ба нақша гирифтааст, ки теъдоде аз онҳо доир карда шуданд.
Абуалӣ ибни Сино дар ҳақиқат нобиғаи давру замон аст. Осори гаронарзиши Сино бо гузашти 1045 сол то ҳол на танҳо дорои аҳамияти илмӣ аст, балки аҳамияти илмии бештаре касб намудааст. Миллати тоҷик аз доштани чунин нобиғаҳо ифтихор мекунад, зеро ҳар миллату давлатро бо нобиғаҳояш мешиносанд. Нобиғаҳои илму фарҳанг метавонанд ҳам номи худ ва ҳам номи миллатро дар саросари ҷаҳон баланд нигоҳ доранд.
Абуалӣ ибни Сино дастпарвари яке аз сулолаҳои бузурги миллати тоҷик- Сомониён ба ҳисоб меравад. Ӯ Нуҳ ибни Мансури Сомониро аз бемории вазнин наҷот дод ва бар ивази чунин амал барои истифода аз китобхонаи машҳури Сомониён иҷозат гирифт. Сино бо роҳи истифодаи асарҳои нодири ин китобхона дониши худро доир ба ҳамаи илмҳои замонааш пурра намуд.
Дар ҳамоиш олимону донишмандон доир ба зиндагӣ ва фаъолияти олим сухан намуда, нақши ҳаким Абуалӣ ибни Синоро дар пешрафти илмҳои фалсафа ва тиб муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






