Дар коргоҳи дӯзандагии «Шарофат»-и Ҳисор 35 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ҲИСОР, 23.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар коргоҳи дӯзандагии «Шарофат», воқеъ дар шаҳри Ҳисор имсол барои таъмини талаботи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бо либоси ягонаи мактабӣ 35 ҳазор либоси духтаронаю писарона истеҳсол карда шудааст. То имрӯз дар ҳамкорӣ бо кумитаи волидон хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо 13 ҳазор дона либоси ягонаи мактабӣ таъмин шудаанд. Дар ин хусус корманди ин корхонаи дӯзандагӣ Дилшод Исроилов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Кормандони коргоҳи дӯзандагии «Шарофат»-и шаҳри Ҳисор ба дӯхтани либосҳои мактабӣ ва тавсиявӣ машғул буда, соли равон дар он 10 корманди мавсимӣ ва 5 коромӯз ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул гардид. Кормандони коргоҳ бо зиёда аз сад муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор ҳамкорӣ намуда, ба онҳо либосҳои босифатро бо нархҳои дастрас пешниҳод намуданд.
Бояд гуфт, ки коргоҳи дӯзандагӣ бо таҷҳизоти замонавии дӯзандагӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Роҳбарияти коргоҳи дӯзандагии «Шарофат» дар пайравӣ ба сиёсати хайрхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 50 хонандаи ятими кулл, нимятим, камбизоат ва маъюбро ба таври ройгон бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд






