Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 18 ҳазор коргарон ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» 18 ҳазору 300 нафар коргарон ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 3721 адад расонида шудааст. Аз ҷумла, дар давраи солҳои 2024-2025 барои суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ба майдони сохтмон 443 мошину механизми нав ворид карда шуд. Дар ин хусус имрӯз Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун ибрози назар намуданд.
Дар мулоқот Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармоишгар ва пудратчиёни бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро барои вусъат додани корҳо ва иҷрои саривақтии нақшаи пешбинишудаи сохтмон вазифадор намуданд.
Аз ширкати «Вибилд» (Webuild S.p.A. —гурӯҳи саноатии итолиёӣ, ки ба сохтмон машғул аст) талаб карда шуд, ки бо баланд бардоштани сарбанд дар муҳлати муқарраргардида обгирии обанборро то охири моҳи сентябри соли равон дар сатҳи 1100 метр таъмин намояд.
Ширкати «Вибилд» вазифадор гардид, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид корҳоро бо реҷаи шабонарӯзӣ ба роҳ монад, шумораи мошину механизмҳоро зиёд карда, захираи ҳаҷми зарурии маводи сарбандро таъмин ва барои истифодаи самаранок аз хати конвеерӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
Ҳамзамон ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» супориш гирифт, ки нақби сохтмонии қабати чорумро бо тамоми иқтидори он то мавсими селобҳо, яъне на дертар аз моҳи апрели соли 2026 барои истифода омода намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ширкатҳои пудратӣ дастур доданд, ки барои дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






