Дар шаҳри Бохтар «Муассисаи давлатии маҷмааи таърихии Бибихонум» таъсис дода шуд

Август 14, 2025 09:14

ДУШАНБЕ, 14.08.2025. /АМИТ  «Ховар»/. Бо ташаббуси Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи қалъаи бостонии Бибихонум, воқеъ дар маркази шаҳри Бохтар «Муассисаи давлатии  маҷмааи таърихии Бибихонум» таъсис дода шуд, ки тобеи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ иттилоъ доданд.

Ёдгории бостонии қалъаи Бибихонум ба категорияи ёдгориҳои нодири бостонии миллӣ мансуб буда, аз ибтидои асрҳои 1 мелодӣ то давраи охири асри 19 ҳамчун истеҳкоми  пурқудрат мавҷудият доштааст.

Ҳоло кормандони Агентӣ дар ин ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ-бостоншиносӣ мебаранд. Ҳангоми пешбурди корҳои пажӯҳишӣ бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ мансуб ба давраи Сомониён ва давраҳои минбаъдаи таърихӣ дарёфт гардидаанд, ки саҳифаҳои таърихи миллатро ғанӣ мегардонанд.

 

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 14, 2025 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд