Дар Сингапур ҳамоиши байналмилалӣ оид ба соҳаи маориф баргузор шуд

Август 25, 2025 14:27

ДУШАНБЕ, 25.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар Ҷумҳурии Сингапур таҳти унвони «Таҷрибаи Сингапур: дигаргунии маориф барои сиёсатмадорон» ҳамоиши байналмилалии омӯзишӣ оғоз шуда, то 22 август идома ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш аз 27 давлати ҷаҳон намояндагони сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф иштирок намуданд. Ҳадафи он омӯзиш ва мубодилаи таҷриба дар самти ислоҳоти муассири низоми маориф, таҳияи сиёсати маориф дар асоси равандҳои ҷаҳонӣ ва татбиқи технологияҳои нав мебошад. Ин ҳамоиш дар оянда ба рушди муносибатҳои мутақобили судманд ва қабули таҷрибаи пешрафта мусоидат менамояд.

Намояндаи Тоҷикистон дар баробари омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва иштирок дар муҳокимаи муҳтавои маводи илмӣ бо намояндагони давлатҳои  иштирокчӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ роҳҳои густариши ҳамкорӣ  дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 25, 2025 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд